Ба гузориши хабаргузории ABNA ба нақл аз «Ал-Ҷазира», артиши режими саҳюнистӣ хостори холӣ кардани фаврии бандари Ҳудайда дар Яман шуд. Сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ иддао кард: "Аз касоне, ки дар бандари Ҳудайда ҳастанд ва низ киштиҳои лангаргирифта дар он мехоҳем, ки ба шакли фаврӣ онро холӣ кунанд."
Артиши режими саҳюнистӣ иддао кард: "Ҳамлаи наздик ба бандари Ҳудайда анҷом хоҳад шуд. Ҳамаи касоне, ки дар ин бандар ҳастанд ва киштиҳои лангаргирифта дар он, хеле фаврӣ маконро тарк кунанд. Ҳар касе, ки дар ин минтақа бимонад, ҷонаш дар маърази хатар қарор дорад." Бархе манобеи саҳюнистӣ низ иддао карданд, ки артиши ин режим қасд дорад тайи соатҳои оянда бандари Ҳудайдаро мавриди ҳамла қарор диҳад.
Your Comment